Skip to content

Вақте, ки  якумин дафъа ман Қуръонро хондам бо якчанд сабабҳо дар тааҷҷуб будам. Дар аввал якчанд Навиштаҷотҳо ба Инҷил ишора мекарданд. Лекин  он ба таври махсус ба Инҷил ишора мекард, ки диққати маро ҷалб кард. Инак он оятҳое, ки ба Инҷил ишора мекарданд.

 Аз эҳтимол дур нест, ки он навиштаҳое, ки ман пай бурдам ту низ мебинӣ.

Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳак бар ту нозил кард ва қабл аз он Тавротро ва Инҷилро фиристод. Барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст. [Surat 3:3-4 (Al-Imran)]

Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад. [Surat 3:48 (Al Imran)]

Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шуда аст? Магар намеандешед? [Surat 3:65 (Al Imran)]

Ва аз паи онҳо Исо — писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки тасдиқкунандаи Таврот пеш аз ӯ буд, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва рӯшноие бувад ва барои парҳезгорон ҳидоят ва панде. [Surat 5:46 (Maida)]

Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Худо бар онҳо нозил шуда, барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихӯранд. Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бисёрашон бадкирдоранд. [Surat 5:66 (Maida)]

Бигӯ: «Эй аҳли китоб, шумо ҳеҷ нестед, то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештаринашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош. [Surat 5:68 (Maida)]

Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Неъматеро, ки ба ту ва модарат ато намудаам, ёд кун. Он замон, ки ба рӯҳулқудус ёриат кардам, то ту чӣ дар гаҳвора ва чӣ дар бузургсолӣ сухан гӯӣ ва ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам…» [Surat 5:110 (Maida)]

Ваъдае, ки Худо дар Тавроту Инҷил ва Қуръон дода аст, ба ҳақ бар ӯҳдаи Ӯст… [Surat 9:111 (Tauba)]

Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, мисли зироате ҳастанд, ки гиёҳ барорад ва он ҷавона маҳкам шавад ва бар поҳои худ биистад ва деҳқононро… [Surat 48:29 (Fat-h)]

Агар  ҳама навиштаҳоро, ки дар он Инҷил зикр шудааст ҷамъ кунем, Инҷил дар ягон ҷо танҳо намеояд. Дар ҳама ҷо калимаи Таврот пеш аз он меояд. “Аҳком” ин китобҳои Мӯсои набист, ки одатан дар мобайни мусулмонон ҳамчун “Таврот” машҳур асту дар мобайни яҳудиён чун “Тора”. Инҷил дар мобайни китобҳои муқаддас бо он беназир аст, ки он дар ягон ҷо танҳо зикр нашудааст. Мо дида метавонем, ки калимаҳои “Таврот”(қонун) ва Қуръон танҳо зикр шудаанд. Ин як намуна аст.

Сипас ба Мӯсо китоб додем, то бар касе, ки некӯкор будааст, неъматро пурра кунем ва барои баёни ҳар чизе ва низ барои роҳнамоиву раҳмат… Онро нозил кардаем. Пас ба он пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед, шояд ки мавриди раҳмат қарор гиред! [Surat 6:154-155 (Cattle)]

Оё дар Қуръон намеандешанд? Ҳар гоҳ аз суй ғайри Худо мебуд, дар он зиддияте бисёр меёфтанд.   [Surat 4:82 (The Women)]

Агар бо дигар суханон гӯем вақте, ки Қуръони Муқаддас Инҷилро зикр мекунад, онро баъди “Таврот”(қонун) зикр мекунад. Ин беназир аст, чунки Қуръон худро зикр мекунад алоҳида аз қатори китобҳои муқаддас, инчунин китоби Тавротро на дар қатори дигар китобҳои муқаддас зикр мекунад.

Ин нишона ба мо аз Пайғамбарон аст?

Инак, ин як намуна аст (Инҷил ҳамеша баъди “Таврот” зикр карда шудааст) оё саҳеҳ аст?  Касе онро ҳамчун тасодуфӣ мефаҳмад, ё ҳамчун боду шояд Инҷил бо чунин роҳ зикр шавад. Фаҳмиши ман чунин аст, ки ин намунаҳо бояд ҷиддӣ бошанд. Шояд, ки ин нишонаи муҳим бошад, ба мо ёрӣ медиҳад, ки он принсипҳои худи  Аллоҳ таҳкурсӣ доданро мо бифаҳмем, ки барои фаҳмидани Инҷил мо бояд аввал ба Таврот назар кунем. Таврот ин шарти аввалин аст, ки мо бояд донем, пеш аз он ки мо Инҷилро дарк кунем. Ин мумкин, ки фоидаовар бошад агар аввал ба Таврот назар кунем ва ин барои фаҳмидани Инҷил кӯмак мекунад. Қуръон ба мо мегӯяд, ки пайғамбарони пешомада барои мо нишона буданд.

 Хуб эътибор диҳед, ки ин чӣ мегӯяд:

Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва ба салоҳ оянд, биме бар онҳо нест ва худ ғамгин намешаванд!

Ва онҳо, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд ва аз он сар баргофтаанд, аҳли ҷаҳанкаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд! [Surah 7:35-36 (The Heights)]

Бо дигар суханон гӯем ин пайғамбарон дар ҳаёти худ ва паёмҳои худ барои фарзандони Одам нишона доштанд (инчун барои ҳар яки мо ҳамчун фарзандони ӯ). Онҳое, ки боҳикмат ҳастанду равшанфикр ҳастанд барои фаҳмидани ин нишонаҳо кӯшиш мекунанд. Пас, ба ақидае меоем, ки омадан ба Инҷил ба воситаи Таврот аст, пайғамбарони пешина Роҳи Ҳақиқат диданро сар карданд ва нишонаҳое гузоштанд, ки ба мо барои фаҳмидани Роҳи Ҳақиқат кӯмак мекунанд.

Мо аз аввал, аз давраи Нишонаи Одам шурӯъ мекунем. Мумкин ту мехоҳӣ бо ҷавоби он шурӯъ кунӣ, ки дар куҷо китобҳои Таврот, Забур ва Инҷил тағйир ёфтаанд. Дар бораи ин саволҳои муҳим китоби Қуръони Муқаддас ва Суннат чӣ мегӯяд? Дар рӯзи Охират хуб мешуд, ки дар бораи Таврот ахборот дошта бошем, вале чӣ тавр метавонад барои мо ба Роҳи ҳақиқат ишорае бошад.